Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 нафар занон - ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ Диплом супорида шуд.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни супоридани Диплом ба ғолибони лоиҳаҳо аз ташаббус ва иқдоми пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занон ва фаъолияти ҳунармандию соҳибкории онҳо ёдовар шуд.
Таҳлили лоиҳаҳои грантҳои президентӣ нишон медиҳад, ки занон малакаи баланди ташкили коргоҳҳои хурд ва эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ доранд. Ҳамзамон ҳиссаи занон дар бунёд ва рушди марказҳои хизматрасонӣ, иншооти истеҳсолӣ-иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойи нави кор назаррас аст.
Соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд гашта, аз 120 ба 200 грант ва маблағи он аз 5 ба 15 миллион сомонӣ расонида шуд. Мувофиқи қарори мазкур аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад. Ин иқдом ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии занон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ мусоидат мекунад.
Бояд қайд кард, ки бо ибтикори занони соҳибкори гирандаи грантҳои президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо марказҳои ҳунармандӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис ёфта, фаъолияти худро идома дода истодаанд.
«Боварӣ дорем, ки ғолибони озмуни имсола низ маблағҳои грантиро мақсаднок истифода бурда, саҳми худро дар рушди иқтисоди миллӣ мегузоранд”,- гуфт раиси кумита.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои 2015-2024 барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон ба маблағи 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шудааст.