7 маслиҳати муфид барои ҷавон ва зебо мондани бонувон
27.09.2025
Oila.tj
262

Бо гузашти солҳо зебоии ботинӣ ҷойи зебоии зоҳириро мегирад. Албатта, зебо будани рӯҳ аз ҳама муҳим аст. Аммо зан дар ҳар синну сол зан мемонад ва ҳатто дар 100-солагӣ ҳам мехоҳад ҳам ба худ ва ҳам ба дигарон писанд ояд. Саволе ба миён меояд: оё ин имконпазир аст?

Бо синну сол истеҳсоли коллаген ва эластин қариб қатъ мегардад. Аз ин сабаб пӯст чандирии худро гум мекунад ва пур аз чину ожанг мешавад. Ҳамчунин, бо синну сол истеҳсоли гормонҳои занона, аз қабили эстроген ва прогестерон, низ қатъ мешавад. Дар натиҷа аз ҳамворию нармии рӯй ва рухсораҳои зебо танҳо хотира боқӣ мемонад. Аммо, ин ҳама сабаб нест, ки пиршавиро баҳона кунед. Нигоҳубини дуруст метавонад мӯъҷизаҳо офарад.

Тозакунии мулоим

Дар асл, қоидаҳои куллан нав барои нигоҳубини пӯсти нафарони калонсол вуҷуд надоранд. Дар ҳар синну сол се қадами асосӣ аст: тозакунӣ, намноккунӣ ва ғизодиҳӣ. Вале бо рафтани синну сол ҷузъиёти хос пайдо мешаванд.

Бо гузашти синну сол пӯст хушк, тунук ва қариб мисли қоғази пергаментӣ мешавад. Онро хеле осон осеб додан мумкин аст, зеро ҳассосият зиёд мегардад ва хатари сироят афзоиш меёбад. Аз ин рӯ, нигоҳубин бояд хеле нарм бошад.

Ба рӯятон собун назанед!

Шустушӯ танҳо бо оби гарм иҷозат дода мешавад ва, албатта, бе истифодаи собун. Беҳтар аст аз маҳлулҳои махсуси барои пӯсти ҳассос, ки сулфат надоранд, истифода бурда шавад. Оби митселлярӣ ва гел низ мувофиқанд, агар таркибашон ҷавҳари гиалурон ва витамини Е дошта бошанд.

Пиллингро истифода баред

Мушкобҳои спиртдор ва скрабҳои таркибашон дағал қатъиян манъ мебошанд! Аммо пилингҳои энзимӣ ё пилингҳо бо кислотаҳои мевагӣ, баръакс, муфиданд. Онҳо ба тоза шудани ҳуҷайраҳои мурда ва нав шудани пӯст мусоидат мекунанд.

Тоникро фаромӯш накунед!

Пӯсти бонувони синнашон боло ба тоник ниёз дорад. Беҳтар аст тоник оромбахш ва бо pH табиӣ бошад (аз 4,5 то 5,5). Ин мувозинати кислота ва ишқорро вайрон намекунад. Дар таркиби чунин маҳсулот гиалурон, экстракти алоэ ва равғани гули садбарг метавонанд бошанд.

Барои пешгирии сурхшавии пӯст

Барои мубориза бо сурхшавӣ ва рагҳои намоёни пӯст (купероз, розацея) маҳсулоти дорои экстракти шоҳбулут ва сентеллаи осиёӣ муфиданд. Аммо ниқобҳои гармкунанда, буғдиҳӣ, инчунин сауна, ҳаммом ва солярий ба чунин пӯст зарар мерасонанд.

Намноккунӣ, табобат ва ғизодиҳӣ

Пӯсти бонувони калонсол ниёз ба намноккунии мунтазам ва қавӣ дорад. Кремҳои оддӣ дигар қодир нестанд бо ин мушкилот мубориза баранд. Барои ҳамин маҳсулоти қавитар - серумҳои махсуси табобатӣ заруранд. Онҳо вобаста ба мушкилоти пӯст интихоб карда мешаванд.

• Намноккунандаҳои фаъол, монанди ҷавҳари гиалурон, серамидҳо ва ретинол, хушкии пӯст ва чинҳоро коҳиш медиҳанд ва ранги рӯйро ҳамвор месозанд.

• Сквалан, пептидҳо ва кислотаҳои равғанин монеаи муҳофизатии пӯстро барқарор мекунанд.

• Витамини B₅ раванди барқарорсозии пӯстро метезонад.

• Витамини C ва дигар антиоксидантҳо пӯстро аз радикалҳои озод, ки пиршавиро тез мекунанд, муҳофизат мекунанд.

• Равғанҳои табиӣ пӯстро нарму мулоим месозанд.

• Ниасинамид пигментатсияро коҳиш медиҳад, проксилан бошад, зичии пӯстро зиёд мекунад.

• Ретинол ва моддаҳои ҳамҷинси он истеҳсоли коллагенро фаъол месозанд, чандирии пӯстро беҳтар мекунанд ва навсозии ҳуҷайраҳоро метезонанд.

Малҳами аз офтоб муҳофизаткунанда молед!

Пӯсти занҳои синнашон боло ба пайдоиши доғҳои пигментӣ майл дорад. Аз ин рӯ, муҳофизати он аз офтоб муҳимтарин қадам аст. Аммо бояд дар хотир дошт: истифодаи ретинол пӯстро ҳассос ба офтоб месозад. Аз ин рӯ, малҳами аз офтоб муҳофизаткунанда ҳатмӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД