Пӯсти атрофи чашм хеле нозук ва хушк аст, зеро дар он ҳамагӣ 2 ғадуди чарбӣ ҷойгир шудааст. Бо мурури вақт пӯсти ин мавзеъ хушктару тунуктар мегардад. Дар натиҷа рагчаҳои хунгарди зери пӯст намоён мешаванд. Аммо суоле ба миён меояд, ки чаро чашмони баъзе занҳо дар 60-солагӣ низ барқ мезананд, вале дар атрофи чашмони бархи дигари хонумҳо аллакай аз 30-35 солагӣ ожангҳо пайдо шуда, чеҳраи занро пир месозанд. Мехоҳед сабабҳои пайдоиши ожангҳои бармаҳалро бидонед? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
1. Ҳавои ифлос, нури офтоб, обро кам нӯшидан боиси он мегардад, ки аллакай аз 20-солагӣ сар карда, дар атрофи чашм чинҳои хурд пайдо мешаванд.
2. Дар синни 30-40-солагӣ миқдори коллаген ва эластин дар ҷисм ба маротиб кам мегардаду барқароршавии сафеда чанд рӯзро дар бар мегирад. Дар натиҷа пӯсти атрофи чашм халта зала, варам мекунад.
3. Баъди 40-45-солагӣ ҷараёни азнавшавии ҳуҷайраҳо ва мубодилаи моддаҳо заиф гашта, чинҳо намоёнтар мегарданд.
4. Дар баробари тағйиротҳои синнусолӣ ҳолати пӯсти атрофи чашм аз истеъмоли об ва кори узвҳои дарунӣ аз қабили гурда вобастагӣ доранд.
5. Вақте зан ғизои номукаммал истеъмол намуда, хоби дуруст намеравад, ҷисми ӯ ва чашмонаш бармаҳал пир мешаванд.
6. Косметикаи рӯйро бо маҳлулҳои зарарнок тоза кардан низ ба ҳолати пӯсти чашмон таъсири манфӣ расонида, боиси пайдо шудани ожангҳо дар атрофи чашмон мегардад.
7. Ҳамзамон витамину микроэлементҳо, сатҳи ҳормонҳо, шамолу сардӣ, гармо ва хушкии ҳаво низ таъсири худро ба пӯсти ин мавзеи рӯй мегузоранд.