Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 79-солагии овозхони Шарқ - Аҳмад Зоҳир маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ таҳти унвони «Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ» бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон роҳандозӣ шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвақтзода Қобилҷон иброз дошт, ки «ҳунар ва мусиқӣ дар фарҳангу маънавиёти мардуми тоҷик мақоми воло доранд. Миллати мо дар тӯли таърих чеҳраҳои барҷастаи ҳунару адабро ба ҷаҳониён пешниҳод кардааст. Аҳмад Зоҳир яке аз он чеҳраҳои дурахшоне мебошад, ки бо овоз ва эҳсоси инсонпарваронааш дили ҳазорон дӯстдорони ҳунарро тасхир намудааст».
Як қатор олимону муҳаққиқон ва аҳли ҳунар, аз ҷумла профессор Аслиддин Низомов, ҳунарманди мардумӣ Мастона Эргашева, навозандаи маъруфи гурӯҳи Аҳмад Зоҳир - Қосимӣ ва дигар шахсиятҳои шинохтаи илмиву фарҳангӣ дар чорабинии мазкур суханронӣ намуданд.