1xbet
Ҷанги Эрон ва Исроил ба охир мерасад
112

Президенти Амрико Доналд Трамп изҳор доштааст, ки ҷанги Эрон ва Исроил дар шабонарӯзи наздик ба охир мерасад.

Ин ду кишвар пас аз мушакборони дуҷониба ва даргириҳои хунин, ки чанд рӯз инҷониб идома доштанд, ба тавофуқ расидаанд, ки ба ин ҷанги хонумонсӯз бояд ҳарчи зудтар хотима гузошта шавад.

«Ҷонибҳо бори охир ба сӯйи ҳамдигар зарба мезананд, пас аз он реҷаи оромиш оғоз гашта, ба наздикӣ ҷанги 12-рӯзаи Эрон ва Исроил расман ба поён мерасад”,- навиштааст Трамп дар шабакаи иҷтимоӣ.

Гуфта мешавад, ки созишномаи оташбас ва нуқта гузоштан ба ҷанг ва даргириҳо байни Эрон ва Исроил бо мусоидати давлати Қатар ба даст омадааст. Аммо тибқи маълумоти Reuters, ИМА нақшаи сулҳомезеро пешниҳод намудааст, ки бо Исроил мувофиқа шуда, ҷониби Эрон низ онро қабул кардааст.

Дар ҳамин ҳол CNN дар такя ба манбаи худ дар Теҳрон навиштааст, ки Эрон ҳеҷ гуна пешниҳодро дар бораи оташбас нагирифтаву қабул накардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД