Дирӯз, 22-юми июн “Боғи Ирам”-и пойтахт макони баргузории ҷашни Тиргон буд. Ҳамзамон, намоиши хушкмеваҳои Тоҷикистон ва иди зардолу низ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, намояндагони ҳукуматҳои вилоятҳо ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок доштанд.
Деҳқонону боғдорони ҷумҳурӣ маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Инчунин, соҳибхоназанони манотиқи гуногуни кишвар таомҳои миллӣ ва ё хоси маҳали худро манзури меҳмонон гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Тиргон расман ба феҳристи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон шомил гардид ва рӯзи таҷлили он 1-уми июл муқаррар шуд.