Дурдонаи падар
Модарамро ёд надорам, ҳангоми якунимсола будани ман аз дунё гузаштааст. Падарам ба хотири ман фарзанди ягонааш дигар зан нагирифта умри ҷавон, бахту шодӣ ва сарвату давлаташро фидои ман кардааст. Баъди ба балоғат расидану донишҷӯйи донишгоҳи тиббӣ гаштанам боре аз падарам пурсидам, ки модарам аз кадом беморӣ оламро падруд гуфт? Падарам оҳи вазнине кашида гуфт:
- Модарат бемори рӯҳӣ шуда худашро ба дарё партофт, мо ҷасадашро пайдо кардем, бобою бибии модарият айбро ба сари ман заданӣ шуданд, вале ташхисгарон исбот кардаанд, ки дар бадани вай ягон осори зарбу лат набуд. Ман модаратро девонавор дӯст медоштам, ба ҳамин хотир дигар дари қалбамро ба рӯйи ҷинси латиф пӯшидаму умрамро фидои ту дурдонаякам кардам…
Падарам баъди марги модарам ба пойтахт кӯч баста ба тиҷорат даст мезанад ва оҳиста-оҳиста ба як тоҷири муваффақ табдил меёбад. Аз рӯзе, ки худро ёд дорам мо дар ҳавлии дуошёнаи боҳашаммат зиндагӣ мекардему ду зан яке доя дигаре хизматгор ва як марди боғбон дар хизмати мо буданд. Ман дар бонуфузтарин литсей хонда бо дониши худам ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудам. Чун ба қад расидаму дидам, ки падари чорпаҳлуи зебоям ғайри кор дигар дилхушие надошт ӯро маҷбур кардам, ки зан гирад, аммо ӯ рад кард…
Хостгори худӣ
Падарам ворид шудани ашхоси бегонаро ба зиндагиямон дӯст намедоштанд, меҳмонҳои асосии мо танҳо амакаму ду амаам ва бибии падариям буданд, баъдҳо бибии меҳрубонам ҳам аз олам гузашт. Ман бо падарам мисли дугона қарину дӯст будам, боре аз вай пурсидам, ки хешони модарам дар куҷоянд, чаро боре аз авҳоли ман намепурсанд? Падарам дар ҷавоб гуфт, ки бибию бобои модарият кайҳо аз олам гузаштаанду як тағою холаат туро низ сархӯру мисли ман душман мепиндоранд. Беҳтараш дигар сари ин мавзӯъ барнагард…
Ман дар дил аз хешовандони модарам хафа шудам, ки ман кӯдаки якунимсола дар бемории рӯҳӣ шудани модарам чӣ гуноҳ дошта метавонистам?!
Дар хонаамон як сурати модарам дар қоби зарҳалӣ дар хонаи хоби падарам овехта шуда буд. Борҳо дар танҳоӣ сурати модарамро бағал карда ба тақдири талхи худаму ӯ зор-зор гиристаам. Ман болои тангаву тилло калон шуда бошам ҳам ҷойи модар дар зиндагиям холии холӣ буд. Онро на муҳаббати падар пур карда метавонисту на меҳрубонии аммаҳоям…
Ман дар курси панҷум мехондам, ки шоме падарам гуфт:
- Духтарам, дилам бемор аст, метарсам хушбахтии туро надида мемирам. Аз ин рӯ агар розӣ бошӣ туро ба писари амакат Бахтовар оиладор кунем. Бахтовар ҷавони ояндадор аст, ба ҷавонияш нигоҳ накарда алаккай дар пойтахт соҳиби ҷойи кор ва хонаву дар аст…
(Давом дорад)
ЗАЙНУРА
Таснифи Нисо ХОЛИД