1xbet
Асрори хунини падар (ҚИСМИ 2)
213

Бахтовар

Ман Бахтоварро хуб мешинохтам, ӯ ҳангоми донишҷӯ буданаш ҳар шанбею якшанбе дар хонаи мо буду ман додарзодаи хуҷаин ҳастам нагуфта ба боғбонамон Давлат-амак ёрӣ мерасонд. Байни мо ғайри салому алейк чизи дигар набуд, чун писари амакам донишгоҳро дар риштаи ҳуқуқшиносӣ хатм карда соҳиби ҷойи кор шуд, омаданаш ба хонаамон кам шуд. Зани амакам ҳамроҳи аммаҳоям зуд-зуд меҳмони мо мешуд ва чанд бор аз шухӣ ба шухӣ Зайнураҷонро худам келин мекунам гуфта маро шарм медоронд.

Бахтовар ба падарам сахт монанд буд, ҷавони болобаланди абрӯсияҳ, ҷиддӣ ва босалобат. Ман ба хостгории падарам худатон медонед гуфта аз наздашон гурехта ба хонаи хобам даромадам, вале он кас аз пасам ба хонаи хобам даромада аз пешонаам бӯсиданду андешаманд давом доданд:

- Дурдонаяки ман, Бахтоварро ман солҳо омӯхтаам, ӯ номзади мувофиқ аст туро хафа нахоҳад кард…

Пас аз ду моҳи ин гуфтугӯ амаку янгаам барои хостгорӣ омаданду бароям ҷиҳози зебое низ оварданд. Зани амакам бо аммаҳоям як моҳи расо курпаю кӯрпача духтанду падарам усто андохта шаш хонаи ошёнаи дуюмро аз сари нав таъмир намуда барои зиндагии ману Бахтовар шароити шоҳона фароҳам овардаанд. Янгаам як хонаи калонро чунон зебо оро дод, ки рахти рангоранги чидаи болишту курпаҳои зебо, сандуқу ҷевони кандакорӣ, сузании гӯлдузӣ, гумон мекардӣ дар ягон музей ҳастӣ, падарам рахти хоби итолявию дигар ашёҳои қимматбаҳо харид карда овард, аммо аз Бахтовар дарак набуд. Дар дилам сад гумон меомад, зани амакам шояд ташвиши маро пай бурд, ки гуфт:

-Бахтоварҷон шарм медорад, бо ҳамун қадду қомату ҳуқуқшинос буданаш нигоҳ накарда табиат ба ӯ дили раҳмину табиати шармин додааст, насиб бошад хушбахт мешавед. Вақте аз ӯ розигияшро барои келинкунии ту пурсидем суп-сурх шуда гуфт, ки оё ман аз Зайнура дида зани зеботару донотар меёбам?

Тӯйи мо хеле бо шукӯҳ гузашт баъди дар шаҳр маърака доданд, боз дар деҳа тӯйи бошукӯҳе барпо намудем. Ман дар бари Бахтоварам худамро хушбахтарин зани дунё меҳисобидам, вале….

Ташвишҳои шодиолуда

Ман, ки то ҳол лаззати ишқу муҳаббатро намедонистам ба Бахтовар ошиқи шайдо шудам, аммо дӯстдориҳои ман пеши ишқи бузурги шавҳарам ҳеҷ буд. Бахтовар маро рӯ-рӯйи даст мегардонд. Субҳи барвақт маро ба донишгоҳ бурда монда баъд ба кор мерафт, хулоса шаш моҳ дар олами афсона зиндагӣ кардам…

Тобистон расиду ман санҷишу имтиҳонҳоро супорида хонашин шудам, Бахтовар таклиф кард, ки ба ягон осоишгоҳ равем, падарам низ ин таклифро дастгирӣ кард, аммо…

Як бегоҳ котибаи падарам занг зада гуфт, ки хуҷаин дар ҷойи кор аз ҳуш рафту ӯро ба беморхона бурданд. Ман ба Бахтовар занг задаму гуфтам, ки рост ба беморхона равад худам низ расида рафтам. Авҳоли падарам хеле ба, буд. Бахтовар зуд профессори шиноси соҳаи дилро, ки падарам дар пешаш табобат мегирифт ёфта овард, ин марди солидаи нуронӣ сарашро ҷунбонида гуфт:

- Раис, охир ман ба Шумо гуфта будам, ки ҷарроҳӣ ҳатмист, акнун дер шудааст…

Ман пеши пойи прафессор афтидаму гуфтам, ки чӣ қадар маблағе мехоҳад гираду падарамро ба по хезонад…

Бо талошҳои ҳаррӯзаи табибон падарам каме ба худ омаду ба по хест ва якҷоя бо Бахтовар барои ҷарроҳӣ ба Олмон рафт. Пас аз ду моҳи табобат дар Олмон онҳо баргаштанд, вале таъби ҳар ду хира буд. Ба пурсишҳои ман якхела ҷавоб медоданд, ки ҷарроҳӣ хуб гузашт. Баъди ҷарроҳӣ падарам дигар ба кор кам мерафтанд. Бахтовар корашро партофта тиҷорати падарамро сарварӣ мекард.

(Давом дорад)

ЗАЙНУРА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД