tobiston
Аз деҳа ба шаҳр кӯчида, пушаймон шудам
428

Як моҳ шуд, ки кӯчида ба шаҳр омадем. Агар дар қишлоқ пагоҳӣ моро садои азони муаззини деҳа аз хоб бедор мекард, ҳоло дар шаҳр садои ҳаракати мошинҳост, ки аз паси тирезаи хонаи мо беист мегузаранд. Инаш ҳам як дарди ба хайр. Ҳанӯз субҳ ковок нашуда, дар саҳни ҳавлӣ садои ширфурӯш ба гӯш мерасад, ки бо овози баланд фарёд мезананд: “Ҳой мардум, шир дорем, ширда биёен, шири свежии...!”.

Ширфурӯшон рафта нарафта аз қафои онҳо дигар савдогарони кӯчагӣ меоянд. Умуман муҳити шаҳр пурғавғо. Кӯдакони бечораам дар хона хоби дуруст надоранд.

Дар қишлоқ онҳо то соати ҳашти пагоҳӣ хоби бароҳат мерафтанд. Ин шаҳрро таъриф мекарданд, кирои таъриф набудааст. Товба, ҳамсоя ҳамсояро дуруст намешиносад. Дар қишлоқ агар маъракае шавад, бачаҳои деҳа аввал пагоҳӣ мардҳоро, баъди он занҳои деҳаро ба маъракаи зиёфатхурӣ даъват мекунанд. Дар шаҳр чӣ? Тӯй ё маърака шавад, дарак намеёбӣ.

Мо ки дар мухити деҳот калон шудем, дар шаҳр рузҳои аввал хеле худро нороҳат хис мекунем. Худо накунаду касе аз аҳли хона бемор нашавад, касе аз ҳамсояхо барои аёдати беморбинӣ аз дарат намедароянд. Дар қишлоқ агар фаҳманд ҳамсоя бемор шудааст, пиру барно паси ҳам омада хабар мегиранд.

Мардуми деҳа чунин мақол доранд: “Бозори ҳамсоя, ҳамсоя аст”. Дар шахр мабодо ба чизе ногаҳонӣ зарурат шавад, маҷбур мешавӣ, зуд давида ба бозор равӣ.

Боз одамон шаҳрро таъриф мекунанд, ки зиндагӣ дар шаҳр беҳтар аст.

Дирӯз аз подъезди ҳамсоя нафаре вафот карду хешу табораш ӯро гирифта, ба кадом қишлоқи хешовандонаш бурданд. Ҳамин ҳам зиндагӣ шуд. Дар шаҳр Худо накунаду намурӣ, дар ҷанозаат ғайр аз хешовандонат касе намеояд. Ҳамаи ин фарқиятҳоро дида ман мегӯям: “Қишлоқ ҷои хуб барои зиндагии одам аст!”.

Зинда бод қишлоқ!

Раҷабалӣ ФАЙЗУЛЛОЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД