1xbet
Аз шавҳарам бояд ҷудо шавам, ҳарчанд хеле дӯсташ медорам
21.06.2025
Oila.tj
464

Лутфан ба ман маслиҳат диҳед. Гап дар сари он аст, ки ман мехоҳам аз шавҳарам ҷудо шавам.

Муносибати байни мо хуб аст. Ман ӯро ҳамчун инсон қадр мекунам ва мехоҳам, ки ӯ хушбахт бошад. Аммо ман ин хушбахтиро ба ӯ дода наметавонам. Шаш моҳ пеш ман ҳомила будам ва кӯдакамро аз даст додам. Маро ҷарроҳӣ карданд, дигар наметавонам модар шавам.

Мо дар Маскав, хушдоманам бо модарам дар Ватан. Ман то ҳол ба худ намеоям.

Моҳияти масъала дар он аст, ки мехоҳам аз шавҳарам ҷудо шавам. Ӯ бояд оилаи комил дошта бошад, чунки ман барои ӯ фарзанд ба дунё оварда наметавонам. Бигзор занеро пайдо кунад, ки ба ин кор қодир бошад. Чӣ тавр ба ӯ дар бораи талоқ гуфтан мумкин аст? Инро ба модари худам ва модари ӯ чӣ гуна фаҳмонам? Онҳо намедонанд, ки маро ҷарроҳӣ кардаанд ва дигар кӯдак намешавад.

И. С.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД