Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз сокинони ин минтақа хоҳиш кардааст, ки аз 8 то 12-уми октябр, дар рӯзҳои нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, бидуни зарурат ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо мошинҳои шахсӣ ё хизматии худ сафар накунанд.
Милитсия гуфтааст, ки агар сокинони Хатлон бидуни иҷозат ба шаҳри Душанбе сафар кунанд, мошинҳои онҳо аз постгоҳҳои доимӣ баргардонида мешаванд.