tobiston
Ба хеши шавҳарам ба шавҳар баромада, дар бало мондам
20.06.2025
Oila.tj
512

Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо нафар бонувон аз сарнавишти хеш қисса мекунанд. Баъзе аз ин тақдирҳо боиси баҳсу мунозираҳо мешавад. Чанд рӯз пеш дар саҳифаи “Кошонаи Шаҳло” чунин як нома нашр шуд. Ин номаро манзури шумо мегардонем, то назаратонро бидонем.

- Ман дар синни 29-солагӣ бо 3 кӯдак бевазан шудам. Мехостам умуман дигар шавҳар накунам, аммо як хеши наздики шавҳари раҳматиам зуд-зуд ба дидорбинии фарзандонам меомаданду хоҳиши издивоҷ карданд. Ростӣ ин хеши шавҳари раҳматиам зан дорад, аммо дар хонаашон оромӣ набуд. Ҳанӯз ман бо ӯ оила барпо накарда, оилааш маро бадном кард ва ноилоҷ ба никоҳаш даромадам. Ман ба хонаводаи ӯ умуман коре надорам, аммо оилааш маро азоб медиҳад.

Ҳоло дар азобам. Ба се фарзандонам мегӯям, гӯед ба амакатон (онҳо шавҳарамро амак мегӯянд) ҷавоби маро диҳад, як рӯзи хуш бинам.

Аммо духтари калонияму писарам мегӯянд:

- Модар, боз дар таънаи мардум мондан намехоҳем. Тақдиру насиб будааст!

Зани шавҳарам бисёр ганда ва бемуросо аст. Аз аввал бо ман муомилаи хуб надорад ва маро ҷодугар мегӯяд. Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД