1xbet
Балои қарз (ҚИСМИ 1)
1264

Дар урфият мегўянд, ки «Ғайбати худиро намоӣ, эътиқоди бегона мепарад», аммо ман дарди диламро на ҳамчун бад кардани додари лахти ҷигарам, балки чун як рози дил мефиристам. Шояд тақдири додари ман барои бархе ҷавонон дарси ибрат гардад, зеро мушкили мо имрўз мушкили бисёр оилаҳои тоҷик аст…

Якдона

Додарам байни чор апа писари ягона ва дўстдор буд. Мо апаҳо дар симои ў пуштибону соябон ва шаҳпарро дида, барояш чизеро дареғ намедоштем. Ансор як ҷавони хуб ба воя расид, падару модарам бо мо фарзандон ва хосса писари ягонаашон ифтихор мекарданд. Додарам баъди хатми мактаби миёна дар донишгоҳе дохил шуда, дар риштаи бонкдорӣ таҳсилро идома дод. Мо чор духтар ба оилаҳои нағз келин шуда рафтем, падарам тўйи писари ягонаю дўстдорашро надида, бар асари бемории қанд оламро падруд гуфт. Модарам табиб буданду кор мекарданд, мо духтарон низ ба қадри тавон ба модараму додарам ёрӣ мерасонидем. Бо кумаки шавҳари апаи калониям додарамро баъди хатми донишгоҳ дар як бонк ба кор гузоштем, чун ҷавони кордону босавод буд, оҳиста-оҳиста худаш роҳи корашро ёфт. Мо ҳама хурсанд будем, ки додарам дигар метавонад соябони модару калони хонадон бошад. Ҳамеша ояти шукрона ба лаб доштем…

Шикастани армон

Бисёрии апаҳо маро мефаҳманд, ки чӣ гуна армону ҳавасҳо ҳаст дар дили хоҳаронаи мо, чӣ гуна дидан мехоҳем келини хонадон ва арўси додар ё акаро…

Мо низ ҳар кадом дар дил армоне доштему арўси таги чашм кардае, вале додарам ба модарам гуфтааст, ки дўстдошта дораду ғайри ў ба касе намерасад. Дар оилаи мо боварию эътимод ба ҳамдигар дар ҷойи аввал меистад, аз ин рў касе муқобили хоҳиши додарам набаромад. Чӣ қадар мо бо ҳавас ба ин тўй тайёрӣ медидем, худамон медонему Худо…

Аввал ҳавлии дуошёнаю барҳавои падариро ба тамоми нозукиҳояш аз таъмир баровардем, то арўс аз қадамҳои нахустини худ дар ин хонадон бо озодагию файзу эҳсон ошноӣ пайдо кунад. Шукронаи Худо тўйи боҳашаммату зебо низ баргузор гашту арўси нозанин ба ҳавлии падарӣ зебу фари дигар бахшид. Гулноз - ҳамсари додарам духтари соҳибҷамолу боҳунар ва ниҳоят меҳрубон буд ва дар як муддати кўтоҳ дар дили аҳли хонадон ҷой гирифт. Модарам ўро мисли духтараш дўст медошту ў низ ба модарам эҳтироми беандоза дошт. Акнун дили мо духтарон пур буд, ки модарам ҳамрозу ҳамроҳ ва ёригар дорад, ҳарчанд аз аҳволашон хабар мегирифтем, вале аз рафтору гуфтор ва назокату латофати келинамон замирамон боғ-боғ мешукуфт, шояд чашми бад расид, ки…

Одатҳои нав

Як рўз нав аз кор баргашта акун хўроки шом пухтанӣ будам, ки Гулноз занг зада гуфтанд, ки зуд хона биёед. Ман фарзанди калонии оила ки будам, чӣ гапе шавад, аввал ба ман занг мезаданд. Ростӣ тарсидам, ки ба модарам ҳодисае рўй надода бошад, пешбандакамро кушода сўе ҳаво додаму духтару писарамро гуфтам то омадани ман аз хона набароянд ва таксӣ киро карда, ба хонаамон рафтам. Додарам наметофтанд ва модарам зор зор мегирист, ки Ансор қарздор шудаасту ба вай аз бонк занг задаанд. Телефонҳои додарам хомўш буданд, дилам хавотири фарзандонам буд, зеро шавҳарам он замон дар сафари хизматӣ қарор дошт. Ман рафта фарзандонамро гирифта омадаму то ними шаб интизори Ансор мондем, ў омад ва аз рўйи гуфтаҳояш фаҳмидам, ки мухлиси бозиҳои пулакӣ будаасту пулҳои қарзкардаашро бой додааст.

Дигар илоҷ набуд, бо апаҳои дигарам маслиҳат карда, ҳама пасандози доштаамонро ҷамъ карда оварда қарзҳои додарамро пардохт кардем ва гумон доштем ў дигар ин номаъқулияшро намекунад, аммо дили одаткарда балои ҷон…

(Давом дорад)

Бо эҳтиром, САМИРА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД