Оё барои рафтан ба ҳаҷ иҷозати падару модар воҷиб аст?
МАНУЧЕҲР
Посух:
- Агар ҳаҷ фарз бошад, розигӣ ва иҷозати падару модар шарт нест, агар онҳо ӯро аз ҳаҷ манъ кунанд, вале ҳаҷ (бар ӯ) фарз бошад, ӯ бояд ба ҳаҷ биравад ва онҳоро итоат накунад, чунки Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва агар он ду талош кунанд, ки ту чизеро шарики Ман қарор диҳӣ, ки нисбат ба он донише надорӣ, пас, аз онҳо итоат макун ва дар дунё бо онҳо ба шоистагӣ (ва хубӣ) рафтор кун». (Сураи Луқмон: 15).
Ҳамчунин паёмбар (с) мефармояд: «Итоати махлуқ дар нофармонии офаридгор (Аллоҳ) ҷоиз нест».
Аммо агар ҳаҷ нофила бошад, пас бояд ба маслаҳат назар кард. Агар падару модар ҷудоии ӯро тоқат карда натавонанд ва нахоҳанд, ки ӯ аз наздашон биравад, пас дар ин ҳолат боқӣ монданаш дар назди онҳо беҳтар аст. Зеро марде аз паёмбар (с) иҷозат пурсид, ки ба ҷиҳод равад. Паёмбар (с) ба ӯ гуфт: «Оё падару модарат зиндаанд?» Гуфт: Бале. Паёмбар (с) фармуд: «Пас, дар хидмати онҳо ҷиҳод кун». (Яъне ҷиҳоди ту хидмати онҳост).
Дар ҳаҷҷи фарзӣ, итоат ба падару модар лозим нест, вале дар ҳаҷҷи нафлӣ бояд назар карда шавад, ки кадом амал беҳтар ва судмандтар аст".