tobiston
Барои маълумот дар бораи Сабина ва Малика ним миллион сомонӣ мукофот медиҳанд
28.06.2025
Oila.tj
142

Милитсияи Душанбе барои пайдо кардани Сабина ва Малика Араловаҳо, ки 12 сол қабл гум шуда буданд, 500 ҳазор ё ним млн сомонӣ ҷоиза ваъда кардааст.

Онҳо моҳи марти соли 2013, замоне ки 5 ва 4 сол доштанд, аз назди хонаашон дар атрофи фурӯшгоҳи "Садбарг" дар Душанбе гум шуданд ва бо вуҷуди кофтукови зиёд то ҳол аз онҳо дараке нест.

Раёсати ВКД дар пойтахт бо нашри як муроҷиатнома ва акси 12 сол пеши онҳо гуфтаст, ки махфият ва амнияти нафаре, ки хабар медиҳад, дар доираи қонунгузорӣ кафолат дода мешавад.

Ба навиштаи ин ниҳод, маблағи ҷоиза аз ҷониби ин ниҳод пардохта мешавад.

“Нафароне, ки дар бораи ин хоҳарон маълумоти боэътимод доранд, бо рақамҳои 2210057 ва +992 018-02-02-02 метавонанд тамос гиранд”,- гуфтааст РВКД.

Ёдовар мешавем, ки Малика ва Сабина Араловаҳо амакдухтарҳое мебошанд, ки 12 сол қабл гум шуданашон ҷомеаро ба ларза оварда буд. Ҳатто Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо ҳайати шахсии ВКД аз ин ҳодиса нигаронӣ карда, онро “ҷинояти доғдоркунандаи миллат” номида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД