Тоҷикистон барои тоҷикони муқими Ӯзбекистон озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ"-ро таъсис додааст. Дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар як маҳфил дар ин кишвар эълон кард.
Ба гуфтаи сафир, "дар озмун ҳамаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон, новобаста аз синну сол, ширкат карда метавонанд".
Раҳмонзода афзуд, дар озмуни мазкур ӯзбекистониҳои дигар, ки забони тоҷикиро медонанд ва ба адабиёти тоҷик таваҷҷуҳ доранд, ҳақи ширкат кардан доранд.
Шахсони хоҳишманд метавонанд то 1-уми июли соли равон маълумоти зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, рақами телефон, ҷузвдони номгӯи асарҳои хондашуда ва ғазалу дигар навъҳои шеърии азхудкардаи худро бо забонҳои тоҷикӣ - форсӣ - дарӣ, англисӣ ва русӣ ба суроғаи электронии сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон – tajembuz@mfa.tj ирсол намоянд.
Инчунин, тавассути тамос бо шумораи +998 93-256-42-12; +998 88-411-44-50 дар ин бора метавонанд маъумоти бештар ба даст оранд.