Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз дастгир шудани зане хабар дод, ки бо истифода аз мавизу “Сникерс” ва дигар ашё ба фолбинӣ машғул будааст.
- Юлдашева Ҷамила, ки қаблан аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт барои машғул шудан ба фолбинӣ дастгир гардида, тибқи талаботи моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида бошад ҳам, лекин аз ин амали нангини худ даст накашидааст. Дар натиҷаи санҷишҳои оперативӣ ин навбат аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шуд. Номбурда ба амалҳои фолбинии худ идома дода, шаҳрвандонро дар манзили зишташ қабул мекардааст,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки бо назардошти ислоҳнопазир будани Юлдашева Ҷ. ва далелҳои ҷамъоваришуда, нисбати номбурда бо моддаи 240, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишот қарор дорад.