Боз як блогери тоҷик барои рафтори дағалона ва вайрон кардани қонун боздошт шудааст. Кормандони милитсия нисбати блогер Фаррух Алимов парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.
Тавре ки раёсати ВКД дар Душанбе хабар додааст, кормандони ШВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду нафарро бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардаанд. Номбурдагон Алимов Фаррух ва Ҳалимов Акбар буда, санаи 21 майи соли равон дар боғи «Умари Хайём» бо ҳамдигар муноқиша намуда, якдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд.
Дар хабар гуфта мешавда, ки боздоштшудагон ба эроди шаҳрвандон беэътиноӣ карда, бо садои баланд ва истифодаи алфози қабеҳ оромии мардумро халалдор намудаанд.
Айни замон нисбати ҳар ду парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.