1xbet
Боздошти марде бо гумони ғорати мошинҳо
68

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе як марди 47-соларо бо иттиҳоми ғорат кардани мошинҳо боздошт намудаанд. Дар ин бора  ВКД хабар додааст.

Боздоштшуда Раҳмоналӣ Табаров, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, кормандони милитсия ин мардро бо гумони ғорат кардани мошинҳо ва дуздии масолеҳи сохтмонӣ аз биноҳои навсохт дастгир кардаанд.

Дар хабар омадааст, ки Табаров шишаи мошинҳоро шикаста, аз дохили мошин пул, телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои қиматбаҳоро ғорат мекардааст, бар замми ин, на як бору ду бор ба биноҳои навсохт даромада, масолеҳи сохтмонӣ ва асбобҳои таъмиргариро дуздидааст.

Айни замон нисбати Раҳмоналӣ Табаров бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД