Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики бозии дӯстонаи дуюмро баргузор кард.
Рӯзи 24- июн тими олимпии мо бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон рақобат намуданд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гашта, мусовии бидуни гол – 0:0 анҷом ёфт.
Қаблан дар бозии дӯстонаи якум мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.
«Ин вохӯриҳои муфид барои санҷиши бачаҳо буданд. Пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, якҷоя бозӣ кардан муҳим аст. Дар бозиҳои дӯстона мо лаҳзаҳои хуб доштем, аммо бояд сари хатоҳои худ кор кунем», – гуфтааст Леван Хомерики, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон