Қонунҳои бозор, рақобат дар иқтисод ва тағйироти зуд дар муносибатҳои молиявӣ талаб мекунанд, ки ҳар як шахс новобаста аз синну сол дорои дониш ва фаҳмиши идоракунии молия бошад. Мутаассифона, ҳоло дар бештари мактабҳо ба фарзандон асосҳои молияро намеомӯзанд. Бинобар ин, масъулияти муҳими омӯзиши молиявӣ бештар ба дӯши волидон ва муҳити оила меафтад.
Пул восита аст, на ҳадаф!
Ба андешаи шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон дар самти молия, фаҳмиши дурусти молия бояд аз кӯдакӣ омӯзонида шавад. Агар фарзандон аз аввал фаҳманд, ки пул танҳо як воситаи даст ёфтан ба ҳадафҳост, на худи ҳадаф, онҳо дар оянда шахсияти муваффақ ва соҳибмасъулият мешаванд. Аксари вақт кӯдак ё наврас бе ҳеҷ заҳмат аз волидон маблағ мегирад, ба қадри он намерасад. Вақте ки онҳо бо заҳмат маблағ ба даст меоранд ё мефаҳманд, ки чӣ гуна пул кор карда мешавад, дарк мекунанд, ки пул худ аз худ намеояд.
Пешгирӣ аз хароҷоти нолозим
Фарзандоне, ки асосҳои сохтани буҷа, пасандоз ва идора кардани хароҷотро меомӯзанд, дар оянда ба қарзҳои беасос, исрофкорӣ ва дигар мушкилоти молиявӣ гирифтор намешаванд.
Бенҷамин Франклин (Benjamin Franklin), сиёсатмадор, нависанда, ихтироъкoр, олим ва дипломати амрикоӣ гуфтааст, ки "Сармоягузорӣ ба дониш беҳтарин фоида меорад". Дониши молиявӣ метавонад дар фарзандон хоҳиши соҳибкории мустақилро бедор кунад. Кӯдаке, ки мефаҳмад чӣ гуна пул кор мекунад, метавонад идеяи тиҷоратӣ дошта бошад ва мустақилона роҳ ёбад.
Ворен Баффет, яке аз сарватмандтарин ва машҳуртарин шахсияти ҷаҳон низ гуфтааст: "Беҳтарин коре, ки кардам, омӯзонидани муносибати дуруст бо пул ба фарзандонам аз овони кӯдакӣ буд". Худи Баффет фаъолияти сармоягузориро аз синни ҷавонӣ оғоз кардааст. Ӯ дар синни 11 - солагӣ саҳмия харидааст.
Ҳифз ва рушди мероси оила
Бисёре аз волидон бо меҳнату заҳмати зиёд сарват, амвол ва карераи хуро месозанд. Аммо агар фарзандон барои нигоҳдории ин дороиҳо омода набошанд, ҳамааш дар як лаҳза барбод меравад.
Соҳибкор ва сармоягузори маъруфи амрикоӣ Роберт Киосакӣ гуфтааст, ки "Фарқ байни сарватманд ва камбағал дар тарзи омӯзонидани фарзандон дар бораи пул аст".
Волидайни муваффақ мехоҳанд, ки фарзандон кори онҳоро давом диҳанд. Новобаста аз он ки тиҷорати шахсӣ ё зиндагии босадату бидуни мушкили молиявӣ доранд. Аммо барои ин, фарзанд бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ ва равонӣ омода бошад. Омӯзиши молиявӣ фарзандро ба шахси мустақил, банақшагир ва қодир ба раҳоии ҳама гуна мушкил табдил медиҳад.
Бинобар ин, идора кардани молия як қисми муҳими ҳаёт ва тарбия аст. Касе, ки пулро мефаҳмад, одатан зиндагиро низ хубтар мефаҳмад. Агар мо мехоҳем, ки фарзандонамон шахсиятҳои мустақил, муваффақ ва масъули ҷомеа бошанд, пас омӯзиши молиявӣ бояд аз синни барвақт оғоз ёбад. Мо набояд фарзандони тайёрхӯр тарбия кунем. Онҳо бояд созанда бошанд, на муфтхӯру барбодгари мероси оила!
Усмон РАҲИМЗОДА