Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи фалак ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дар ҳамоиш иброз гардид, ки таҷлили бошукӯҳи Рӯзи фалак ва ворид шудани номинатсияи «Фалак» ба Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО аз ҷумлаи иқдоми фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдом чун далели арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ, эҳёи беҳтарин суннатҳои санъати миллӣ, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, маънидод мегардад.
- Дар анҷоми ҳамоиш дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои назаррас, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи фарҳанг Сипоснома тақдим карда шуд,- меафзояд манбаъ.