Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, ки дар он баландтарин бинои осмонбӯси «Бурҷи Халифа» ва бузургтарин маркази савдои "Дубай тиҷорат" ҷойгир аст, чуқуртарин ҳавзи шиноварӣ ифтитоҳ гардид.
Чуқурии он 60 метр буда, гунҷоишаш 14 миллион литр обро ташкил медиҳад. Ба ин хотир, 27-уми июн онро ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил карданд.
Иншоот бо низоми муосири равшанидиҳанда ва садо муҷаҳҳаз буда, ҳамзамон, барои бехатарии тамошобинон дар ҳавз 56 камераи назоратӣ насб шудааст.