Футбол аз варзишҳои дӯстдоштаву писандидаи пиру барно, марду зан ва ҳатто кӯдакон буда, дар тамоми ҷаҳон ин навъи бозӣ маҳбубияту маъруфият дорад. Ин аст, ки солҳои охир бозии футбол миёни кӯдакон низ рушд намуда, футболбозони хурдакаки тоҷик ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гардидаанд.
Ин навбат мо тасмим гирифтем аз дастовардҳои варзишии футболбози хурдсоли тоҷик нақл кунем.
Дӯстдори футбол
Дамир Қаюмови ҳафтсола зодаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ фарзанди сарояндаи маҳбуб Озода Аҳатова бастакор Шерзод Қаюмов мебошад. Дамирҷон 2 сол мешавад, ки ба футбол рӯй овардаасту бо ин навъи варзиш пайваста тамрин мекунад. Маҳз меҳру муҳаббат ва шавқу завқи беандозааш нисбат ба футбол волидонро водор сохтааст, ки ӯро ба дастаи футбол ҳамроҳ намоянд.
"Дамирҷон ҳоло панҷсола буд, ки бозиҳои футболро тариқи телевизион бо шавқ тамошо мекард. Ё агар ҳангоми сайругашт дар ягон майдончаи варзишӣ футболбозӣ шуда истода бошад, пойфишорӣ мекард, ки лаҳзае тамошо кунад. Мо завқи ӯро дида, тасмим гирифтем ба дастаи футболи ҷавонон (наврасон) "Суғд 87" гузорем",- иброз дошт модари Дамирҷон.
Дамирҷон аз 6-солагияш ба тамрини футбол машғул буда, 2 сол мешавад, ки дар дастаи "Суғд 87" бозӣ дорад. Дастаи мазкур солҳост, ки дар чемпионати футбол дар миқёси ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ бозӣ карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
"Мехоҳам дар рушди футболи тоҷик саҳм гузорам"
Дамирҷон Қаюмов дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд таҳсил дорад. Ӯ аз хонандагони фаъолу намунавии гимназия мебошад. Ба гуфти ин кӯдаки донояку муваффақ варзиш барои тез шудани зеҳн ва қавӣ шудани хотира мусоидат мекунад. Аз ин рӯ пайваста ба варзиш, хосса бозии футбол машғул аст. Қаҳрамони мо мехоҳад дар оянда футболбоз шуда, дар рушди футболи тоҷик саҳм гузорад.
"Ҳарчанд бозиҳои футболбозони ҷаҳониро тамошо мекунаму аз маҳорату истеъдоди онҳо низ меомӯзам, вале пайрави ягон ситораи ҷаҳонии футбол нестам. Мехоҳам худам дар футбол обутоб ёфта, дар рушди ин бозӣ дар ватанам саҳм гузорам. Ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, ба ҷаҳониён кишвари азизамро боз ҳам муаррифӣ кунам",- мегӯяд Дамирҷон.
Дамирҷон Қаюмов дар баробари футболбози муваффақ будан, ҳамзамон маҳорати актёрӣ низ дорад. Вале барояш бештар футбол писанд аст. Қаҳрамони мо на танҳо ба тамрини футболу иштирок дар мусобиқаҳо, балки ба омӯзиши забони англисӣ машғул буда, мехоҳад ин ва дигар забонҳои хориҷиро омӯзад.
Дастовардҳои Дамирҷон аз футбол
Дамирҷон тӯли ду соли ҳамроҳ шуданаш ба дастаи футболи "Суғд 87" ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гардидааст. Ӯ бо сипосномаву ифтихорнамоҳо қадрдонӣ шудааст. Мавсуф дар мусобиқаи вилоятӣ ба гиромидошти мураббии шоистаи Тоҷикистон Эҳсон Ӯлмасов, мусобиқаи байналмилалии "Наврӯз" (соли 2025 дар ш. Хуҷанд), мусобиқаи байналмилалии “Футболи бе ҳудуд'' сазовори ҷойи аввал гардидааст.
"Мо ҳамарӯза ҳамроҳи дастаамон ба тамрини футбол машғулем. Дар якчанд мусобиқаҳо иштирок кардем. Ба кишварҳои хориҷа низ сафар карда, бо дастаҳои пурқувват бозӣ кардем. Дар якчанд мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойи аввал гаштем. Ба наздикӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон низ барои иштирок дар мусобиқа рафта будем",- гуфт футболбози хурдакак.
Дамирҷон Қаюмов дар дастаи футболи "Суғд 87" яке аз беҳтарин ҳамлагарон мебошад. Ӯ ният дорад боз ҳам маҳораташро сайқал дода, дар қатори футболбозони номии ҷаҳонӣ қарор гирад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ