Олимони Амрико доруеро ихтироъ намудаанд, ки инсонро аз вируси норасоии масъунияти одам, яъне ВИЧ-СПИД муҳофизат мекардааст.
Олимони амрикоӣ иддао доранд, ки доруи сохтаи онҳо қодир аст инсонро 100% аз ВИЧ-СПИД муҳофизат намояд. Ин сӯзандоруро дар як сол танҳо ду маротиба гузаронидан кифоя аст.
Ин доруи нодир Yeztugo ном дода, то ба имрӯз дар ду давра аз санҷиш гузаронида шудааст. Дар санҷиши доруи нав зиёда аз 7000 ихтиёриён иштирок намудаанд ва гуфта мешавад, ки натиҷаи самаранокии дорӯ 99–100% буда, вирус ҳатто дар сурати бидуни ҳимоя алоқа намудан бо шахси ба ВИЧ-СПИД гирифтор буда намегузарад.
Ихтироъи ин дорӯ 20 сол тӯл кашид ва дар назар аст, ки охири соли 2025 ба фурӯш баромада, ба дигар кишварҳо низ фиристода мешавад.