Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин кишвар зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» даъват намудааст.
Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар дод, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат мебошанд, ҳамчунин тоҷикони бурунмарзӣ (новобаста аз шаҳрванди кадом давлат будан) метавонанд иштирок намоянд. Забони баргузорӣ ва баромад дар озмун тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ мебошад.
Барои иштирок дар озмун шахсони хоҳишманд метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, расм ва ҷузвдони номгӯи асарҳои хондашуда ва ғазалу дигар навъҳои шеърии азхудкардаи худро бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ тавассути суроғаи электронии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия то 1-уми июли соли 2025 ирсол намоянд: info@tajikembassy.at ва tajembvienna@mfa.tj.