Бо мақсади беҳтар намудани шароити тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, дар деҳаи ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сохтмони беморхонаи замонавӣ оғоз ёфтааст.
Тибқи лоиҳа ин муассисаи тандурустӣ бо усули замонавӣ бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин мегардад.
Беморхона ба сокинони деҳот имкони гирифтани хизматрасонии босифати тиббиро дар маҳали зист фароҳам меорад. Гуфта мешавад, ки сохтмон бомаром идома дорад.
Дар баробари ин, сохтмони иншооти дигари иҷтимоӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Ҳадаф аз амалисозии чунин тадбирҳо таъмини шароити хуби зист ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад.