tobiston
Дар Ҳисор бозии дӯстонаи дастаҳои олимпии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
56

Пагоҳ, 24-уми июн мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики бозии дӯстонаи дуюми худро дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 доир мекунад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифони футболбозони мо мунтахаби Қирғизистон мебошанд, ки чанд рӯз пеш бо мунтахаби Ҳиндустон мусовӣ карданд (0:0).

Бозии дӯстонаи дастаҳои олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 20:00 оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД