1xbet
Дар Корея кор кардан мехоҳед?
26.06.2025
Oila.tj
98

Ба мисли дигар ҳамватанонамон ман ҳам чандин сол боз ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меояд ва зиндагиамро бо таксиронӣ дар ин кишвар пеш мебурдам. Аммо ду соли охир кор кардан дар Русия торафт душвортар шуда, дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла дар таксӣ кор кардани муҳоҷирони меҳнатиро дар бисёр минтақаҳо манъ карданд. Мехоҳам ба ягон давлати дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. Шунидам, ки дар Корея низ барои муҳоҷирони тоҷик кор будааст. Илтимос, дар бораи роҳҳои муҳоҷират ба ин давлат каме маълумот диҳед. Барои ба Корея ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ба куҷо муроҷиат намудан лозим аст ва чӣ шартҳо дорад?

МЕҲРОҶИДДИН, сокини шаҳри Ҳисор

Посух:

- Бародари азиз, дар ҳақиқат тибқи шартномаи дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Корея дар соли 2025 як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор ба ин давлат фиристода мешаванд. Барои ба Корея ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан чӣ бояд кард?

Ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа муроҷиат намоед

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тариқи Агенетии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристода мешаванд. Агар шумо нияти ба ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед, пас бояд ба ин агентӣ муроҷиат намуда, худро номнавис кунед.

Забони куриёиро омӯзед

Шахсоне, ки мехоҳанд ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, ҳатман бояд забони куриёиро омӯзанд, зеро қабл аз сафар аз муҳоҷирон аз рӯйи ду барнома-EPS ва TORIК имтиҳон гирифта мешавад.  

Забони куриёиро дар куҷо омӯхтан мумкин аст?

Барои шахсоне, ки мехоҳанд ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, дар Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар маҳалҳо курсҳои махсуси омӯзиши забони куриёӣ кушода шудаанд. Гурӯҳе аз муҳоҷирон дар ин курсҳо аллакай забони куриёиро омӯхта, малакаи худро такмил доданд. Шумо ҳам метавонед забони курсёиро дар ин курсҳо ба таври ройгон омӯхта, ба сафар ба Корея омодагӣ бигиред.

Синну сол муҳим аст

Кишварҳои хориҷӣ барои қабули муҳоҷирон шарҳои муайян доранд ва яке аз ин шартҳо синну соли муҳоҷирон мебошад. Барои кор ба Корея муҳоҷирони синну солашон аз 18 то 39-солае сафарбар карда мешаванд, ки доғи судӣ надошта бошанд.

Дар Корея муҳоҷирони тоҷик бо чӣ корҳо машғул мешаванд?

Тавре ки аз эълони пахшкардаи Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа бармеояд, имсол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ 600 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ сафарбар карда мешаванд. Муҳоҷирони тоҷик дар Корея дар соҳаҳои сохтмон, истеҳсолот, кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ кор мекунанд.

Вақтро аз даст надиҳед!

Агар шумо нияти ба Корея ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед, пас фурсатро аз даст надода, ҳарчи зудтар ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108 ҷойгир мебошад, муроҷиат намоед. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар имконияти хубест барои дигаргун сохтани зиндагии худ ва амалӣ намудани орзуҳо.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД