tobiston
Дар “Корвон” ҷиноятҳои дуздӣ ошкор шуданд
54

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар шаҳрванд - Холбоев Муҳаммадамин ва Шарипова Шаҳзода хабар дод.

Ин афрод бо гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди бозори “Корвон” мутобиқи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дуздӣ) мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Бино ба иттилои пешакӣ, шахсони номбурда дар як қатор ҳодисаҳои дуздии амволи шаҳрвандон дар қаламрави бозори “Корвон” гумонбар дониста мешаванд. Айни ҳол тафтишот ҷараён дорад.

Раёсати корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар сурати доштани маълумоти иловагӣ вобаста ба ҳолатҳои мазкур ё дигар ҳолатҳои шабеҳ ба мақомот муроҷиат намоянд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавд, ки ҳангоми ба бозорҳо ва ҷойҳои серодам рафтан худ ва лавозимоти бо худ доштаро эҳтиёт кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД