tobiston
Дар Литва маркази хизматрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон баста мешавад
126

Хадамоти муҳоҷирати Литва хостори баста шудани як маркази хидматрасонии беруна барои шаҳрвандони Тоҷикистон гаштааст, ки дархостҳоро барои иқомати муваққатӣ дар ин кишвар қабул мекунад.

Ба гуфти Эвелина Гудзинскайте, сардори Хадамоти муҳоҷирати Литва, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз ба итмом расидани муҳлати иқомати муваққатӣ бо вайрон кардани қонуну қоидаҳои муҳоҷиратӣ дар кишвар боқӣ мемонанд.

Рӯзи 25-уми июн Эвелина Гудзинскайте зимни суҳбат бо радиои давлатии Литва LRT тасдиқ кардааст, ки хадамот расман барои бастани маркази хидматрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дархост ирсол намудааст. Сабаби ин иқдомро Гудзинскайте ба вайрон кардани реҷаи раводид ва будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвараш рабт додааст.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран пас аз гузаштани муҳлати ҳуҷҷатҳояшон дар Литва мемонанд. Агар ба маълумотҳо дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ назар кунед, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки сари вақт кишварро тарк намекунанд, назар ба ӯзбекҳо хеле зиёдтар аст”,- гуфтааст сардори Хадамоти муҳоҷирати Литва Эвелина Гудзинскайте.

Мувофиқи маълумотҳои расмӣ то моҳи июни соли 2025 дар Литва 6250 шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи қарордоди корӣ иҷозаи иқомати муваққатӣ гирифтаанд, ки назар ба ду соли пеш панҷ баробар зиёдтар мебошад. Тоҷикистон аз рӯи шумораи муҳоҷирон дар Литва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Ӯзбекистон дар ҷои дуюм қарор дорад.

Гудзинскайте таъкид кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тез-тез дар марз бо Беларус ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳад боздошт мешаванд, ки ин нигаронии мақомоти Литваро бештар месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД