19-уми июн дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ меҳмонхонаи «Дарё» мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он 20 ҷойи хоб пешбинӣ шудааст.
Ин меҳмонхона, ки дар он тамоми шароити ба талаботи муосир ҷавобгӯ фароҳам оварда шудааст, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ бунёд гардидааст.
Меҳмонхонаи «Дарё» яке аз иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфтаааст.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ 408 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон зиёда аз 230-тои он мавриди истифода қарор гирифтаанд. Иншооти ба нақша гирифташуда асосан ба самтҳои маориф, тандурустӣ, саноат, варзиш, сайёҳӣ, хизматрасониву савдо ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим рост меоянд.