tobiston
Дар шаҳри Истаравшан 20 навъи ангур парвариш меёбад
55

Дар шаҳри Истаравшан 20 навъи ангур парвариш меёбад, ки бештари он барои содирот нигаронида шудааст.

Барои ба даст овардани ҳосили фаровон айни замон маъракаи обёрӣ дар 2163 гектар боғи дарахтони мевадиҳанда ва 3651 гектар токи ангур ҷараён дорад.

Тавсия дода шудааст, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати серҳосилу хушмазза гардонидани меваҳо обёрии саривақтӣ омили асосӣ маҳсуб мешавад. Ҷиҳати дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани маъракаи обёрӣ ба кишоварзони ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии «Заринрӯд»-и шаҳри Истаравшан хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ саривақт дастрас гардида истодаанд. Ҳамарӯза ба хоҷагиҳои боғу токпарвар ва деҳқонони аъзои Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби (АИО) минтақа дар ҳар сония 800 метри мукааб оби полезӣ дастрас карда мешавад.

Айни замон дар обанбори «Заринрӯд» наздики 20 миллион мукаабметр оби полезӣ захира карда шуда, танҳо ҷиҳати обёрии полезии 2163 гектар боғ ва 3651 гектар токзори зиёда аз 20 намуди ангур равона шудааст.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳри Истаравшан ба ҳисоб рафта, дар ин самт масъулину кишоварзони шаҳр пайваста чораҳои амалӣ меандешанд, то заминаи устувори таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум фароҳам оварда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД