tobiston
Дар Ванҷ парки саноатӣ ва варзишгоҳи нав бунёд ёфт
25.06.2025
Оила
56

Дар доираи сафари корӣ ба Бадахшон имрӯз, 25-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ чандин иншооти навро кушода, мавриди истифода қарор доданд. Парки саноатии ноҳия аз ҷумлаи чунин иншооти муҳими саноатӣ мебошад.

Парки саноатӣ дар масоҳати 788 метри мураббаъ доман густурда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро дар бар мегирад, ки ба истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ равона гардида, бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. 

Президенти мамлакат ҳамчунин дар деҳаи Убари даргови ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, масоҳати умумиаш 615 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Варзишгоҳ аз толори асосӣ, тенниси рӯи миз, ҳуҷраҳои маъмурият, ивази либос ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Сарвари давлат дар толори нави варзишӣ бо варзишгарон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Паҳлавонони ноҳия ба Пешвои миллат барои таъмини имконоти хуби машқу тамрин изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки ба василаи иштирок дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ барои муаррифии давлат ва рушди варзиш дар кишварамон ҳиссаи худро хоҳанд гузошт.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД