1xbet
Дарахти чормағз макони ҷинҳост?
164

Пештар, дар кудакӣ мешунидам, ки дар зери дарахти чормағз хобидан мукин нест ва он ҷо ҷину аҷина дораду одамро кару гунг мекунад. Ба ин гап бовар намекардам. Зеро гумон мекардам, ки ин афсона барои тарсонидани кӯдакон аст, чун ба ягон хел ҷину аҷина боварӣ надоштам.

 

Аммо вақте, ки худам дар дараи Ромит боре зери дарахти чормағз хобидаму дар хобам сахт тарсидам, фаҳмидам, ки рост будааст. Барои фаҳмидани сабаби ин ба як тан аз олимони соҳаи биология вохӯрда, пурсидам, ки чаро чунин аст?  Ӯ гуфт: “Дарахти чормағз ва боз чанд намуди дигари дарахтон ҳастанд, ки ба ҷои оксиген дар баъзе ҳолатҳо (махсусан шабона) гази карбон ихроҷ мекунанд. Ин газ барои нафаскашии инсон мувофиқ нест ва одам нафасгир мешавад. Барои ҳамин хобҳои даҳшатнок мебинаду дар он ҷину аҷинаҳо қаҳрамони асосианд”.

Аммо дигарон мегӯянд, ки ҳамаи дарахту растаниҳое, ки ранги сабз доранд, оксиген ихроҷ мекунанд. Шояд сабаби хобҳои даҳшатноки ман на дарахти чормағз, балки ягон чизи дигар бошад ва он чӣ дар бачагиам шунида будам, рост асту он ҷо макони ҷину аҷинаҳост?

Мехостам ягон шахси аз ин масъала огоҳ ҷавоб гӯяд.

Муҳаррама ТОҶИЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД