Давоми ҳафтаи охир ду кӯдаки хурдсол дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ғарқ шудан ҷони худро аз даст додаанд.
Бино ба иттилои пулиси пойтахт, ҳарду ҳодиса дар ҳавзҳои шиноварии резинӣ, ки дар ҳавлии хонаҳои шахсӣ ҷойгир будаанд, ба амал омадаанд. Сабаби асосии фоҷиа - беназоратии кӯдакон аз ҷониби волидайн арзёбӣ мешавад.
Бо назардошти чунин ҳолатҳои нигаронкунанда, мақомоти милитсия аз шаҳрвандон, махсусан аз падару модарон даъват мекунанд, ки назорати доимӣ аз болои кӯдакони худро таъмин намоянд ва аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ ҷилавгирӣ кунанд.