Салом! Ман қариб ду моҳ боз худро ким-чи хел ноҳинҷор эҳсос мекунам. Новобаста ба он ки шабона дер хоб меравам ё барвақт, саҳар худро хоболуд ва хаставу бемадор эҳсос мекунам. Дӯстонам маро дар кӯча дида мегӯянд, ки ранги рӯям паридааст. Росташро гӯям, аслан ягон ҷоям дард намекунад, бемор нестам, вале аз ҷоям хезам, сарам чарх зада, пеши чашмонам сиёҳ мешаванд. Мегӯянд, ки ин нишонаи камхунӣ аст. Аз ҳамин хотир муроҷиат кардам, ки шояд табиби машҳур Садриддиншоҳ Ҷалолӣ ба ман ягон маслиҳати муфид медиҳанд.
АЗИЗА, сокини ш. Ҳисор
Посухи Садриддиншоҳ Насриддиншоев:
- Хоҳари азиз! Сиёҳ шудани пеши чашмон ва чарх задани сар дар ҳақиқат аксаран бо сабаби камхунӣ ва заъфи бадан ба вуҷуд меояд. Одамоне, ки ба иллати камхунӣ гирифторанд, ранги рӯяшон парида, милки дандонҳояшон сафед мешавда ва худро ҳамеша беҳолу бемадор ҳис мекунанд. Камтар кори ҷисмонӣ кунанд, таппиши дилашон зиёд шуда, рангашон бештар мепарад. Дар ин ҳолат хӯрокҳои калориянок ва шарбати меваю сабзавот хӯрдан лозим аст, то ки ҷисм бо витамин ва минераҳои зарурӣ таъмин гашта, қуввату мадор гирад. Сайругашт дар ҳавои тоза фоидаовар аст. Барои беҳтар шудани ҳолататон ман ба шумо ва дигар шахсоне, ки бо ин ҳолат рӯ ба рӯ гаштаанд, чанд давои осонро тавсия медиҳам.
Муъҷизаи шоҳтути заминӣ
Шоҳтути заминӣ манбаъи асосии витаминҳо буда, барои шахсоне, ки аз камхунӣ азият мекашанд, давои беҳтарин аст. Тахминан 200 гр шоҳтути заминиро дар 1 литр об муддате ҷӯшонед, баъд оташро хомӯш карда, монед хунук шавад. Ин оби шифобахшро дар як рӯз 3 маротиба 1 пиёлагӣ нӯши ҷон кунед ва доруҳои таскинбахши асаб нӯшед. Табобатро бо ҳаимн усул 10 рӯз давом диҳед, ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Даво аз лимӯ ва чеснок
Боз як давои дигар барои табобати камхунӣ ин лимӯ ва чеснок аст. 2 калла сир, яъне чеснокро майда карда дар зарфи шишагӣ андозед ва аз болояш 5 дона лимӯро реза карда андозеду бо қошуқи чӯбин хуб аралаш кунед. Даҳони зарфро бо дока маҳкам карда, як ҳафта дар ягон ҷойи торик нигоҳ доред. Дар ин муддат дору тайёр мешавад. Дар ёд дошта бошед, ки ин даворо баъди хӯрок менӯшанд. Як қошуқчаи онро бо 200 гр., оби гарм аралаш карда, нӯши ҷон намоед. Муҳлати табобат ду ҳафта аст.