Маҳсулоти лозима:
1 истакон йогурт ё кефир, 1 дандона сирпиёз, 1 бодиринг, 1 пора қаланфури булғорӣ, 1 қошуқча равғани зайтун, кабудӣ, намак, мурч.
Тарзи таҳия:
Бодирингро пӯст ва реза карда, бо кабудии реза дар блендер майда кунед. Ба ҷои блендер турбтарошро истифода бурдан мумкин аст. Қаланфури булғориро низ дар блендер майда кунед ё хеле маҳин реза кунед. Агар дилатон туршӣ хоҳад, каме шарбати лимӯ илова карда, ҳамаашро бо кефир якҷоя кунед.