1xbet
Ду варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё сазовори ҷойи аввал гаштанд
74

Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин санаи 15-уми июни соли 2025 Чемпионати Осиё оид ба вазнбардорӣ доир гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз 60 кишвари дунё иштирок доштанд.

Варзишгарони тоҷик Икром Малханов ва Ҷамолиддин Каримов низ дар ин мусобиқаи бонуфуз ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гаштанд.

Икром Малханов 120 кг вазнро бардошта, ҳакамон ва мухлисонро дар ҳайрат гузошт, Ҷамолиддин Каримов бошад, 110 кг вазнро ба сари шонаҳои худ бардошта, ғолиби мусобиқа гашт.

Ҳамин тавр якбора ду варзишгари тоҷик - Икром Малханов ва Ҷамолиддин Каримов дар ин мусобиқа сазовори ҷойи аввал ва медалҳои қаҳрамонии мусобиқа гашта, парчами Тоҷикистони азизамонро баланд бардоштанд.

Ғалабаҳои пай дар пайи варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти гуногуни байналмилалӣ аз он шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон дорои истеъдодҳои нодир дар ҳама намудҳои варзиш мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД