1xbet
Духтари президенти Ӯзбекистон мансаби нав гирифт
25.06.2025
Фирӯза
107

Саида Мирзиёева, духтари калонии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вазифаи нав гирифта, роҳбари дастгоҳи Президент ин кишвар таъин шудааст.

Саида Мирзиёеваи 40 сола хатмкардаи Донишгоҳи иқтисод ва дипломатияи ҷаҳонӣ, магистри Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов буда, номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Ӯ дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ ва робита бо ҷомеъа таҷрибаи зиёд дошта, қаблан дар вазифаҳои мудири бахши коммуникатсия ва сиёсати иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи президент ва муовини директори Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ кор кардааст. Баъзеҳо ҳадс мезананд, ки духтари президент дар оянда курсии падарашро ишғол хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД