Ёвон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро кард
86

Кишоварзони ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро 100,76 фоиз иҷро намудаанд. То имрӯз кишоварзони ноҳия 22 ҳазору 268,4 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар ва Дӯстӣ нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд. Дар маҷмуъ, ҷамъоварии пахта дар саросари вилоят идома дорад.

Тибқи пешгӯиҳои соҳаи кишоварзӣ, ҳосили умумии пахта дар вилояти Хатлон дар мавсими имсола метавонад аз нишондиҳандаҳои соли 2024 зиёдтар бошад. Ин аз афзоиши самаранокии соҳаи пахтакории минтақа дарак медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД