Яке аз ҳодисаҳои фараҳбахше, ки дар оғози моҳи июн дар ҳаёти фарҳангии кишварамон рӯй дод, дубора ба саҳна баргаштани сарояндаи ҷавон ва хушовози тоҷик Фараҳноз Шарифова буд.
Ҳафтаи гузашта худи Фараҳноз дар саҳифаи расимиаш дар Инстаграм барои ҳаводорони ҳунараш арзи меҳру муҳаббати худро расонида, дар як нома ба мухлисонаш чунин навишт: “Муҳаббати шумо маро водор намуд, ки дубора ба саҳна баргардаму зеботарин таронаҳоро баҳратон тақдим намоям. Кӯшиш менамоям, ки ба ҳама муҳаббат ва эҳтироми шумо сазовор бошам”.
Сароянда ҳамчун армуғони бозгашт суруди навашро бо номи “Каҷкулаҳ” дар саҳифаи расмиаш дар Ютуб нашр кард ва ин таронаро дар ду шабонарӯз зиёда аз 340 ҳазор нафар тамошо карданд. Намоҳанги “Каҷкулаҳ” аз рӯзгори як оила ҷавон қисса мекунад, ки зан ба шубҳаҳои дӯстонаш бовар карда, ба шавҳараш рашки ноҷо мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Фараҳноз Шарафова пас аз оиладор шуданаш муддате аз саҳна дур шуда, ҳатто аксу наворҳояшро аз саҳифаи расмиаш дар Инстаграм тоза намуда буд. Ҳоло бошад, баробари бозгашташ боз дар саҳифааш аксу навор мегузорад.
Фараҳноз Шарафова 1‑уми январи 2003 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Ӯ чанд сол қабл бо майдони ҳунар ворид шуд ва зуд шуҳрат ёфт. Сурудҳои машҳураш - “Рақами ду намешам”, “Булҳавас”, “Маро бӯс”, “То кай” ва “Ишқи ту” дар ютуб ва шабакаҳои иҷтимоӣ миллионҳо тамошобин доранд. Яке аз сурудҳои Фараҳноз “Ай‑ай‑ай, уф‑уф‑уф” дар ютуб наздик ба 1 миллион тамошобин дорад. Фараҳноз Шарафова 22-юми июли соли 2024 оила барпо кард. Навори тӯйи арӯсии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сарусадоҳои зиёде шуд. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки сароянда “тӯйи сохта” баргузор кард ва дар асл шавҳараш нафари дигаре мебошад. Вале Фараҳноз то имрӯз ба ин масъала равшанӣ наандохтааст.
БАХТОВАР