1xbet
Фарзанд дар кӯдакӣ бимирад, рост ба биҳишт меравад?
22.06.2025
Oila.tj
188

Марги кӯдак имтиҳони сахте барои волидон аст. Осон нест лахти ҷигару нури басарро аз даст додан, аммо сабру шикебоӣ дар чунин имтиҳон подоши фаровон дорад.

Дар аҳодиси ҳазрати Расул (с) омадааст, ки волидони сабур ва шукргӯ дар мусибати аз даст додани фарзандро, Парвардигор дар Биҳишт “Кохи ҳамд” ато мекунад.

Ба ривояти Ислом ҳар кӯдаке, ки мемирад, вориди биҳишт мешавад, чи фарзанди мусулмон бошад ва чи кӯдаки ғайри мусулмон.

Яке аз манзараҳое, ки Ҳазрати Муҳаммад дар Шаби Меъроҷ дид боғи пурранги баҳорӣ буд, ки кӯдакони зиёде атрофи як муйсафеди сар ба абрҳо бозӣ мекарданду шоду хандон буданд. Вақте пурсид ин чи ҷой асту он мӯйсафед кист? Гуфтанд ин биҳишти кӯдакони пеш аз балоғат мурда аст ва он муйсафед ҳазрати Иброҳим (а.с) аст.

Аз ранҷу дардҳои сахте, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар зиндагӣ дид, аз даст додани фарзандҳояш буд. Ӯ падари доғдида буд. Аз ҳафт фарзанд, шаштоашро ба хок дода буду дар фироқашон сӯхта буд. Се духтару се писар.

Ривоятҳо мерасонанд, ки манзараи аз даст додани писараш Иброҳим, бисёр риққатовару дарднок буд. Ҳазрати Муҳаммад дилбастагии махсус ба Иброҳим дошт. Вақте хабар расид, ки бетобу дар болини марг аст, шитобон онҷо шуду Иброҳимро ба оғӯш кашид. Писар дар болои дастони падар ҷон дод. Ҳазрат ӯро бӯсиду бӯйиду ашк аз чашмонаш равон шуд. Абдураҳмон ибни Авф яке аз ёрони машҳураш, ки он ҷо буд бо таъҷҷуб пурсид, ки магар ту ҳам гиря мекунӣ?

Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфт: “Оре!” Ва ин ҷумлаи машҳурашро бар забон ронд: “Дил ғам мегираду дида нам ва мо эй Иброҳим аз фироқат ғамгинем, вале чизе ҷуз ончи Худоямонро хушнуд кунад, намегӯем, ситоиш Худойрост ва мо аз Худоему ба сӯйи ӯ бар хоҳем гашт”.

Тасаллобахштарин ҷанбаи ривоёти динӣ дар марги кӯдак ин аст, ки тифли пеш аз балоғат мурда, волидайнашро дар рӯзи Ҳашр мешиносаду бо дасташ ангушти падар ё модарашро гирифта, аз Худо талаби биҳиштдароӣ мекунад. Шафоатгарӣ мекунад. Аз даст додани кӯдак дар ин дунё сахт аст, аммо дар он дунё имтиёз дорад.

Дар фарҳанги таъзиягӯӣ дар марги кӯдак дар фазои маҷозӣ, фаровон мебинам, ки барои тифл дуои “Худо раҳмат кунад”, “Ғариқи раҳмату шоистаи ҷаннат бошад” мекунанд ва иддае ҳам аз фарҳанги провославӣ дуо қарз гирифта, менависанд, ки: “пуст земля будем пухом”.

Хуб, агар мо бо такя бар ривоятҳои динӣ фарҳангсозӣ кунем, бояд ба волидайни кӯдак дар марги фарзанд, сабру таҳаммул орзу карда, дуо кунем, ки Худованд фарзанди аз дастдодаро шафоатгари қиёмат барои волидайнаш гардонад ва ба онҳо иваз диҳад. Дуои “Худо раҳматаш кунад” дар ҳаққи кӯдаке, ки ба балоғат нарасида, даргузштааст муносиб наменамояд.

Худованд ба ҳама волидайни доғдида сабру шикебоӣ диҳад ва фарзандони аз дастдодаашонро шафоатгари Қиёмат гардонад ва “Худоё ҳеҷ оқилро мабодо бахти бад рӯзӣ”!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД