Дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) имрӯз, 18-уми июн бозии дӯстонаи якуми худро анҷом медиҳад.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, рақиби дастаи мо тими мунтахаби олимпии Ҳиндустон мебошад.
Бозӣ дар Варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор гашта, соати 20:00 оғоз мешавад.