Футболбозони тоҷик тими миллии Малдивро шикаст доданд
10.10.2025
Oila.tj
62

Дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи А дастаи яккачини Тоҷикистон дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо мунтахаби Малдив рақобат намуд. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.

Тӯби аввалро ба дарвозаи меҳмонон бозингари дастаи яккачини Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар дақиқаи 8-уми бозӣ ва голи дуюмро Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 30-юм ба самар расониданд.

Бояд гуфт, ки дар даври чаҳоруми даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо Малдив бозӣ хоҳад кард. Ин вохӯрӣ 14-уми октябр дар шаҳри Мале баргузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД