Дар ноҳияи Рӯшон корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нонӣ бо номи “Ганҷи Рӯшон” ба фаъолият оғоз намуд.
Ин корхона бо ташаббуси соҳибкор Мулкибек Сафарбеков бунёд гардида, маросими ифтитоҳи он бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Дар “Ганҷи Рӯшон” истеҳсоли беш аз панҷ навъи маҳсулот, аз ҷумла сметана, қаймоқ, ҷурғот, чака ва маска ба роҳ монда шудааст. Иқтидори коркарди он дар як шабонарӯз 1 тонна ва дар як моҳ то 30 тонна маҳсулоти шириро ташкил медиҳад.
Дар корхона 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.