tobiston
Гулнора Болтаева: Писарам норасид ба дунё омада, қаҳрамон шуд
29.06.2025
Oila.tj
57

Писари ман Давлатҷон Болтаев, ки бисёриҳо ӯро ҳамчун варзишгари машҳур имрӯз мешиносанд, дар вақташ норасид ба дунё омада буд. Вай чунон лоғар ва хурдакак буд, ки росташро гӯям, аз ӯро ба даст гирифтан метарсидам. Ҳарос доштам, ки мабодо ягон ҷояш осеб набинад. Аммо ба хурдакак буданаш нигоҳ накарда, аз рӯзҳои аввал барои зиндагӣ талош мекард.

Аз кӯдакӣ ба дигар кӯдакон монанд набуд, чизеро, ки мехост, то онро ба даст набиёрад, ором намегирифт. Ҳамин хислаташ барои фатҳи қуллаҳои баланди варзишӣ ба Давлатҷон кумак кард.

Агар пурсед, ки ман муҳорибаҳои писарамро тамошо мекунам ё не, мегӯям, ки ин як саҳнаи хеле аҷиб аст. Ҳар гоҳ, ки писарам муҳориба дошта бошад, ҳама хешу табор дар хонаи мо ҷамъ мешаванд, вале ман тоқати дидани ин мазараро надорам. Аз шиддати эҳсосот пуштамро ба телевизор гардонда, фақат ба садояш гӯш медиҳам ва дам ба дам мепурсам, ки кӣ киро зада истодааст. Аксар вақт хешу табор “эҳ хола, монед тамошо кунем” гӯён норозигӣ баён мекунанд, вале охир онҳо намефаҳманд, ки мушт хӯрдани фарзандаш барои модар сахттарин имтиҳон аст. Ҳар як зарбае, ки дар майдон ба писарам мерасад, он гӯё ба дили ман мерасад, вале ба хотири обрӯи миллат ва давлатам лаб зери дандон гирифта, базӯр тоқат мекунам.

Писарам Давлатҷон дили бисёр раҳмгин дорад, баъзан мепурсам, ки бачаҷон, охир мушти ту пурқувват аст, барои чи тамоми қуввататро дар майдон истифода намебарӣ? Дар ҷавоб мегӯяд, ки очаҷон, ҳамон бачаҳое, ки бо ман рақобат мекунанд, мисли шумо модар доранд. Дили ман ба ҳоли модари рақибам месӯзад, агар як мушти ноҷо занам ва бо фарзандаш ягон ҳодисаи нохуш рӯй диҳад, он модари бечора хун мегиряд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД