Дар ҷаҳоне, ки чолишҳои глобалӣ торафт пешгӯинашаванда мегарданд, барои кишварҳо доштани шарикони боэътимод махсусан муҳим аст. Русия ҳамкориҳои худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тиҷорат ва саноат то ҳалли вазифаҳои кадриву дастгирии ҷавонон пайваста амиқтар месозад.
Робитаҳои иқтисодӣ, ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва фарҳангӣ, лоиҳаҳои башардӯстона ва барномаҳои табодул ба заминае табдил меёбанд, ки кишварҳои ИДМ ва Русия дар он рақобат намекунанд, балки барои рушди ҳамдигар кумак мерасонанд.
Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст. Тибқи баҳогузории мақомоти Русия, гардиши мутақобилаи тиҷорат дар соли 2024 беш аз 7% афзуда, аз 1,5 миллиард доллар гузашт. Дар ҳафт моҳи аввали соли 2025 суръати афзоиш боз ҳудуди +17%-ро ташкил кард. Дар ин бора ёвари президенти ФР Юрий Ушаков ва президенти ФР Владимир Путин бо зикри афзоиши устувори тиҷорати дуҷониба хабар доданд.
Вазорати рушди иқтисоди ФР зикр мекунад, ки дар соли 2025 Русия бо ҳиссаи беш аз 20% дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ - бо нигоҳ доштани динамикаи мусбат дар соли ҷорӣ миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар ҷойи дувум қарор дорад.
Дар баробари ин, чун дар як қатор кишварҳои минтақа, дар бозори меҳнати ҷавонон мушкилот боқӣ мемонад: сатҳи бекорӣ миёни аҳолии 15-24-сола дар соли 2024 ба 27% расидааст.
Яке аз вокунишҳои амалӣ ба ин мушкил - таъсиси ҷойҳои корӣ тавассути паркҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) мебошад. Таҷрибаи Русия, масалан, МОИ «Алабуга»-ро аксар вақт ҳамчун намуна барои суръат бахшидан ба оғози истеҳсолот, омодасозии кадрҳо ва воридоти сармоягузорӣ ном мебаранд, ки онҳоро метавон дар доираи лоиҳаҳои муштарак бо шарикони тоҷик мутобиқ кард.
«Алабуга» роҳи ҳалли мушкилоти кадрӣ - барномаи «Алабуга Старт»-ро пешниҳод мекунад, ки бо кумаки он духтарон аз кишварҳои ИДМ метавонанд бо интихоби яке аз шаш самти корӣ дар ширкат ҷойи кор пайдо намоянд. Баъди ба итмом расидани барнома, пас аз ду сол, иштироккунандагон ба бозор ҳамчун мутахассисони беҳтарини дорои малакаҳои идоракуниву амалӣ ва таҷрибаи воқеии ҷаҳонӣ дар самти интихобкардаашон ворид мешаванд.
Дар бораи барнома ва МОИ «Алабуга»
Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2024, МОИ «Алабуга» аз ҷиҳати самаранокӣ миёни минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Русия пешсаф шуд.
Одӣ карда гӯем, МОИ «Алабуга» як қаламрави бузурги Ҷумҳурии Тотористон буда, дар он корхонаҳои ивазкунандаи воридот, инчунин корхона-резидентҳои кишварҳои гуногун, аз ҷумла Туркия, Дания, Олмон ва Белгия ҷойгиранд. Корхонаҳо ҳавасмандсозии гуногун, инфрасохтор ва дигар имтиёзҳо/афзалиятҳо ба даст меоранд. Минтақа - роҳи даромади андоз ва шумораи зиёди ҷойҳои корӣ аст.
Миёни бузургтарин сармоягузорони «Алабуга» метавон Sollers (мошинҳои тиҷоратии чинӣ), HAYAT-и туркӣ (истеҳсоли коғази санитарӣ-гигиенӣ) ва Kastamonu Entegre (панелҳои чӯб ва фарш)-ро зикр намуд. Барои чунин истеҳсолоти калон ҳамеша кадрҳои баландихтисос лозиманд.
- Чанд сол пеш роҳбарият ба хулоса омад, ки тарбияи кадрҳои дохилӣ нисбат ба ҷустани одамони мувофиқ дар бозор осонтар аст. Ҳамин тариқ, тақрибан се сол пеш идеяи таъсиси барномаи "Алабуга Старт" ба вуҷуд омад, ки дар он духтарон аз давлатҳои гуногун метавонанд иштирок намоянд. Мо дар аввал се самти кориро ҷорӣ кардем ва бо мурури замон ин шумора ба шаш самт расид. Айни замон иштирокчиён имкон доранд, ки дар самтҳое ба мисли танзимгари истеҳсолот, корҳои монтаж ва сехи нақлиётӣ худро санҷанд,- гуфтанд намояндагони МОИ «Алабуга».
Тибқи омори пешниҳодшуда, дар соли 2025 дар ин барнома иштироки ҳудуди 1000 нафар аз кишварҳои мухталиф дар назар дошта шудааст ва муҳимтар аз ҳама, нахустин маросими хатм дар таърихи барнома барои иштироккунандагон аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия баргузор гардид.
Намунаи мусбат тасхиркунанда аст
Дар Telegram-канали «Алабуга Старт СНГ» мусоҳиба бо Анастасия Шарамет нашр шуд. Ӯ тасмим гирифт, ки ҳаёти худро ба куллӣ тағйир диҳад ва аз Беларус ба Русия кӯчид. Анастасия зиёда аз як сол боз шомили барнома аст ва ошкоро дар бораи дастовардҳо ва ҳаёти худ дар "Алабуга" нақл кард.
Ба гуфтаи ин ҷавонзан, кӯчидан барояш душвор набуд: пеш аз кӯчидан ӯ бо як нафар хатмкардаи барнома ва HR-мутахассисон суҳбат кард, ки онҳо имкониятҳои барнома, дурнамои рушди касбӣ ва шахсиро шарҳ доданд.
- Мехоҳам ба «Алабуга Старт» барои пардохти чиптаҳоямон ташаккур гӯям - ман ба ин ҷо ройгон парвоз кардам,- зикр намуд Анастасия.- Хеле хушҳол шудам, ки маро пешвоз гирифта, то манзили корпоративӣ гусел карданд. Хурсандиовар аст, ки ба иштирокчиёни нав ана ҳамин хел ғамхорӣ мекунанд.
Чӣ гуна ҷавонзан барои кӯчидан тасмим гирифт? Танҳо. Ба кишвари дигар. Мо тавонистем бо Анастасия тамос бигирем. Ӯ нақл кард, ки қаблан дар донишгоҳ дар риштаи тарроҳии ландшафт таҳсил мекард, аммо пас аз фаҳмидани имкониятҳои барномаи русӣ тасмимаш дигар шуд.
- Ман имтиҳонҳои донишгоҳро бо баҳои аъло супоридам, аммо замоне дар бораи барномаи «Алабуга Старт» иттилоъ ёфтам. Тавонистам бо як нафар иштирокчии он ҷо тамос гирам ва ба шарофати ҳамин эътимод пайдо шуд, ки ин як барномаи воқеӣ аст. Баъди чанд рӯз аризаи хориҷ шудан аз донишгоҳро пешниҳод кардам. Оё ин қарор барои ман бесаброна нанамуд? Не! Ман ин корро ба хотири ояндаи беҳтари худ анҷом додам, зеро одамони оқил ҳамеша таваккал мекунанд,- изҳор дошт иштирокчии «Алабуга Старт».
Дар бораи кор ва чорабиниҳои корпоративӣ
Анастасия Шарамет яке аз камшумор иштирокчиёне буд, ки самти корашро тағйир дод. Дар аввал, ҷавондухтар дар самти «Кейтеринг» омад, аммо баъдтар ба «Танзимгари истеҳсолот» гузашт. Ин як ҳолати нисбатан нодир аст, аммо ба шарофати муваффақият дар кор, ин имконпазир аст. Анастасия ҳоло ба марҳилаи дувуми барнома мегузарад.
Барои ишғол кардани вазифаҳои баландтар, дар «Алабуга Старт» лексияҳо, тренингҳо ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд, ки баҳри мутобиқ шудани ҷавондухтарон ба кор ва уҳдадориҳо кумак мерасонанд.
Инчунин барои иштирокчиён барномаи ҳамгироӣ таҳия шудааст, ки як қатор чорабиниҳоро фаро мегирад: сафарҳо ба шаҳрҳо ва ҷойҳои таърихии Ҷумҳурии Тотористон, маҳфилҳои шавқмандӣ, йога, дарсҳои рассомӣ, шоми филмҳо, клубҳои варзишӣ, квестҳо ва ғайра. Ба созмондиҳандагони барномаи "Алабуга Старт" муҳим аст, ки шахси ба Русия кӯчида зуд мутобиқ шавад, фарҳанг ва урфу одатҳои маҳаллиро дарк намояд.
- Ҳамааш танҳо аз шумо вобаста аст! Шумо худ тасмим мегиред, ки дар куҷо зиндагӣ мекунед ва зиндагии ояндаи худро чӣ гуна бунёд менамоед. Шумо бояд ба худ бовар дошта бошед. Фаромӯш накунед, ки шумо танҳо нестед: оилаи шумо ҳамеша дар паҳлуятон аст, инчунин, мо - иштирокчиён ва HR-мутахассисони барнома дар инҷо шуморо дастгирӣ хоҳем кард,- маслиҳат дод Анастасия.
Санҷидан арзанда аст
«Алабуга Старт» на танҳо ҷойҳои корӣ, балки омӯзиши мунтазами касбӣ, дастрасӣ ба семинарҳо ва таҷрибаи беҳтарини корпоративиро фароҳам меорад, ки ба шарофати он иштирокчиён дар давоми ду сол ҳамчун мутахассисони баландихтисоси дорои малакаҳои идоракунӣ ва амалӣ аз барнома мебароянд. Чунин мисолҳои рушди шахсӣ ва пешравии касбӣ ин ташаббусро барои онҳое, ки омодаанд барои ояндаи худ масъулият бар дӯш гиранд, замина месозанд.
Барои минтақаҳо ва сармоягузорон ин таъсири муҳим дорад: ташкили кадрҳои омода норасоии мутахассисонро коҳиш медиҳад, робитаҳои иқтисодии кишварҳои ИДМ-ро таҳким мебахшад ва рақобатпазирии резидентҳои минтақаи махсуси иқтисодиро меафзояд. Агар ҳадаф на танҳо бо кор таъмин кардан, балки ба камол расонидани насли мутахассисони барои кор дар истеҳсолоти муосир омодашуда бошад, пас «Алабуга Старт» ҳамчун намунаи муҳим хизмат мекунад, ки бояд васеъ ва боз ҳам такрор шавад - ба хотири некӯаҳволии одамон ва рушди устувори иқтисодиёт дар маҷмуъ.