tobiston
Ифтитоҳи 7 кӯдакистони нав дар ноҳияи Ванҷ
125

Дар ноҳияи Ванҷ ҳафт муассисаи нави томактабӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Кӯдакистонҳо дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷоваст ҷойгир буда, барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълиму тарбияи кӯдакон бунёд шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ дар маросими ифтитоҳи ин кӯдакистонҳо ширкат варзидаанд. Гуфта мешавад, ки ин муассисаҳо барои 380 кӯдак пешбинӣ шудаанд ва 34 нафар дар онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.

Дар ҳамаи ин кӯдакистонҳо таълиму парасторӣ бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Сохтмони чор кӯдакистон бо маблағгузории буҷети маҳаллии вилояти Бадахшон ва се муассисаи дигар бо саҳми сокинони маҳаллӣ анҷом ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД