tobiston
Ифтитоҳи гармхона дар ноҳияи Рӯшон аз ҷониби Пешвои миллат
42

Имрӯз, 26-уми июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон гармхонаи замонавиро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия дидан карданд.

Бино ба иттили дафтари матбуоти Сарвари давлат, гармхонаро соҳибкори ватанӣ Руслан Сайнаков дар масоҳати 0,64 гектар дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудааст.

Ҳоло дар гармхона асосан бодиринг, помидор ва қаланфури булғорӣ парвариш меёбад. Сабзавот дар гармхона ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад.

Гармхона аз 6 қисм иборат буда, дар 1 сол аз он 30 тонна сабзавоти гуногун истеҳсол карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД